LIVE

«Барселона» барои Силва 100 млн евро медиҳад ё не?

«Манчестер Сити» омода аст, ки бар ивази 100 миллион евро ниммуҳофизатгари худ Бернарду Силваро ба «Барселона» бидиҳад. Каталониҳо чунин маблағ барои бозигари португалӣ додани нестанд. Ин аз он сабаб аст, ки “Шаҳриҳо” мақсади аз даст додани ин бозигари хуби худро надоранд, вале ҳангоми ворид шудани чунин маблағ ба суратҳисоби бошгоҳ, пешниҳодро қабул хоҳанд кард. Интизор меравад, ки Хави ва роҳбарияти дастаи каталонӣ бо шунидани ин миқдор маблағ талоши ба даст овардани ӯро дигар намекунанд ва ба бозигарони худ такия хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив