LIVE

Дембеле “Барселона”-ро ғорат карду ройгон меравад

Дембеле барои “Барса” даҳшат аст. Шефҳои бошгоҳи каталонӣ барои ӯ 179 миллион евро сарф карданд ва дар тобистон он ройгон меравад.
Каталониҳо бо тамоми қувва кӯшиш карданд, ки дар моҳи январ Усмонро ба дастаи дигар фурӯшанд ё ё ҳадди аққал бо мувофиқаи тарафайн шартномаро бекор кунанд. Аммо бозингари фаронсавӣ ҳама пешниҳодҳоро рад кард ва то охири мавсим дар бошгоҳи каталонӣ боқӣ монд.  Ду футболбоз Филиппе Коутиню ва Усмон  барои “Барселона” аз лиҳози молиявӣ бузургтарин трансфери ноуҳдабаро ё ғайри қобили қабул гардид. Зеро даста барои ин ду футболбоз дар маҷмуъ беш аз 300 миллион евро харҷ кардааст. 
Барои Усмон дар маҷмуъ 179 миллион евро сарф шудааст.
Акнун ҳисоботи оморӣ дар мавриди арзиши ҳар як дақиқаи Усмон ва голҳои ӯ барои каталониҳо?.  
Ҷавоб: Ҳар як голи Дембеле барои “Барса” 5,7 миллион евро арзиш доштааст, як бозӣ – наздик ба 1,4 миллион евро ва як дақиқа - 23 ҳазор евро. Бо чунин сарфи миёншикани маблағ баъд “Барса” муфлис нашавад, пас кӣ мешавад? 
Чунин шумораи математикии аламовар. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив