LIVE

"Манчестер Юнайтед" мехоҳад Вардии 35-соларо харидорӣ кунад

«Манчестер Юнайтед» мақсад дорад бо ҳамлагари дастаи «Лестер» Ҷейми Варди шартнома бандад.  Аммо «Лестер» барои ҷудо шудан аз футболбози 35-сола омода нестанд. Ҷейми Варди соли 2012 ба “Лестер” гузашт. Аз он вақт инҷониб ҳамлагар дар 387 бозӣ 164 гол задааст ва 65 партофти головар низ дорад.
Қарордоди ҳамлагар бо дастаи феълии худ то охири мавсими ҷорӣ амал мекунад. Дар ҳайати «Лестер» футболбоз чемпиони Англия, Ҷом ва Суперҷоми Англияро низ ба даст овардааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Манчестер Юнайтед» метавонад дастпарвари «Реал Мадрид» Раул де Томасро, ки ҳоло дар «Эспанйол» бозӣ мекунад, харидорӣ намояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив