LIVE

Рекорди таърихии Варди дар “Лестер”

Ҳамлагари "Лестер Сити" - Ҷейми Варди дар бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо бо тими АЕК-и Юнон (2-1) як гол зад. Ҳамин тариқ, форвард дар ҳамаи мусобиқаҳое, ки дар он клуби англисӣ бозӣ кардааст, гол зад. Варди қаблан бо дастаи “Лестер Сити” дар Премйер Лига, Чемпионшип, Ҷоми Лигаи Англия, Ҷоми Англия, Суперҷом ва Лигаи Чемпионҳо гол зада аст.
Варди тобистони соли 2012 аз “Флитвуд Таун” ба “Лестер Сити” гузариш кард. Маблағи интиқол 1,24 миллион евроро ташкил додааст. Дар мавсими имсола ҳамлагари 33-сола дар панҷ бозии Чемпионати Англия иштирок карда, дар он шаш гол задааст. Шартномаи футболбоз бо клуби англисӣ то тобистони соли 2023 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив