LIVE

"Барселона" ба футболбози "Лестер" чашм дӯхтааст

"Барселона" ният дорад, ки муҳофизатгари марказии "Лестер Сити" Чаглар Сеюнҷуро харидорӣ намояд. NTV Spor хабар медиҳад, ки "Каталониҳо" баҳри ба даст овардани футболбози 24 солаи турк ба "Лестер" 40 миллион евро пешниҳод кардаанд. Манбаъ афзудааст, ки агар ҷонибҳо розӣ шаванд, Сеюнҷу бо "Барса" шартномаи 5 соларо имзо хоҳад кард. Созишномаи кунунии футболбози турк бо "Рубоҳон" то моҳи июни соли 2023 эътибор дорад. Чаглар Союнҷу дар мавсими сипарӣ гашта, 34 маротиба бо пироҳанҳои "Лестер" вориди майдон гардида, як гол ва як партофти головар низ ба номаш мӯҳр задааст.
Таҳияи Маҳмадназар Наҷбуддинов

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив