LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022» ширкат мекунад

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022»  ширкат мекунад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт  дар мусобиқаи байналмилалии «King's Cup 2022» ширкат хоҳад кард. 

Дар мусобиқаи «King's Cup 2022», ки аз 20 то 26 сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор мешавад, ба ҷуз аз тими миллии Тоҷикистон, яккачинҳои Тайланд, Малайзия ва Тринидад ва Тобаго ширкат мекунанд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот бозиҳои 1/2 ниҳоӣ 22 сентябр баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25-уми сентябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив