LIVE

"Фақат Бавария не!"-андешаи Левандовски бобати қуръакашии ЛЧ

Собиқ ҳамлагари “Бавария”-и Мюнхен Роберт Левандовски, ки дар тими “Барселона”-и Испания бозӣ мекунад, интизориҳои худро аз қуръакашии даври гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо баён кард.

"Ман намехоҳам дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бо "Бавария" бозӣ кунам. Дар марҳилаи гурӯҳӣ ин набояд рӯй диҳад. Ҳанӯз барвақт аст. Барои ман ин як эҳсоси аҷибе хоҳад буд. Хоҳиши ман: Лутфан, фақат бо "Бавария" не!

Мухлисони "Бавария" маро дар "Allianz Arena" чӣ гуна қабул мекунанд? Умедворам, ки хуб аст. Ман аз замони худ дар "Бавария" танҳо хотираҳои хуб дорам. Рӯзҳое, ки мо бо "Бавария" доштем, то абад дар қалби ман боқӣ хоҳад монд”, - мегӯяд Роберт Левандовски.

Левандовски "Бавария"-ро дар давраи интиқоли тобистона тарк карда, бо "Барселона" то соли 2026 шартнома баст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив