LIVE

Истеъдоди ҷавони "Барселона" дар MLS баромад мекунад

Нимҳимоятгари 22-солаи дастаи “Барселона” Рики Пуч бо дастаи “Лос-Анҷелес Гэлакси”, ки дар MLS бозӣ мекунад, шартнома мебандад.
Клубҳо то ҳол дар бораи як қатор масъалаҳои интиқоли эҳтимолӣ ба созиш нарасидаанд. Аз ҷумла, "Барселона" мехоҳад ҳуқуқи бозпас гирифтани бозигарро нигоҳ дорад ё фоизи онро аз фурӯш дар оянда бигирад.
Ин гузариш бояд ба зудӣ анҷом ёбад, зеро давраи бақайдгирии бозигарони нав дар MLS 4-уми август ба охир мерасад.
Дар мавсими солҳои 2021/2022 испанӣ дар ҳайати "Барселона" дар ҳама мусобиқаҳо 18 бозӣ анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив