LIVE

Баъд аз Анчелотти Хамес низ тарки "Эвертон" мекунад

Нимҳимоятгари "Эвертон" - Хамес Родригес барои гузариш ба “Милан” розӣ шуд. Футболбоз бо клуби итолёвӣ барои се сол шартнома бастан мехоҳад. 
Ҳоло клубҳо дар бораи гузариши Родригес ба мувофиқа нарасидаанд. Қайд карда мешавад, ки созишнома дар доираи 10 миллион евро арзёбӣ мешавад, зеро қарордоди Хамес бо дастаи ливерпулӣ соли оянда ба поён мерасад.
Дар мавсими гузашта, футболбози колумбиягӣ 26 бозӣ гузаронида, 6 гол зада, 9 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив