LIVE

Почеттино:"Мбаппе дар рафтани ман гунаҳгор нест..."

Сармураббии собиқи ПСЖ Маурисио Почеттино бар хилофи гузоришҳои мухталифи расонаҳо бовар надорад, ки ҳамлагари 23-солаи фаронсавӣ Килиан Мбаппе дар тасмими барканории ӯ даст дошта бошад.

«Ман фикр мекунам, ки ПСЖ кори дуруст кард ва ҳама корро кард, то Килианро дар клуб нигоҳ дорад. Яке аз бозигарони беҳтарини ҷаҳони имрӯза, ПСЖ бояд тамоми захираҳои худро истифода барад, то Мбапперо бовар кунонад, ки боқӣ монад. Ман фикр мекунам, ки Килиан шахсе нест, ки хоҳиши бо сармураббии нав кор карданро дошт. Дар ин ҳолат ҳама чизро президент муайян мекунад, танҳо ӯ метавонад дар бораи лоиҳаи нав дар клуб қарор қабул кунад», - иқтибос меорад Goal Почеттиноро.

Ёдовар мешавем, ки Почеттиноро дар ПСЖ собиқ сармураббии «Нитса» Кристоф Галтйе иваз кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив