LIVE

Шартҳои Зидан ба «ПСЖ» ва тақдири Почеттино дар Париж

ВАО ояндаи Маурисио Почеттиноро фаъолона муҳокима мекунанд. Раҳбарияти ПСЖ бо Зайниддин Зидан музокироти пешакӣ дорад ва масъалаи таъини ӯро баррасӣ мекунад. Почеттино то ҳол бо ПСЖ мубориза барад ва Зизу имкон дорад, ки худро дар Лига 1 санҷад ва ба орзуи азизаш як қадам наздик шавад.
Ҳанӯз маълум нест, ки корномаи мураббии Маурисио Почеттино чӣ гуна хоҳад буд, аммо ба назар мерасад, ки ӯ ва ПСЖ ба зудӣ аз ҳам ҷудо мешаванд. Le Parisien хабар медиҳад, ки клуб бо Зинедин Зидан музокира доранд ва мехоҳанд, ки ӯ сарварии даста бошад. Ба эҳтимоли зиёд, ба Почеттино иҷозат дода мешавад, ки то охири мавсим дар даста бимонад. Худи Зидан қаблан гуфта буд, ки ӯ хоҳиши дар миёнаи мавсим ба кор сар карданро надорад - ӯ ният дорад, ки оромона танаффус намояд. Аммо бо назардошти рӯйдодҳои ахир маълум мешавад, ки Зизу ба зудӣ бармегардад, ӯ воқеан мехоҳад дар Фаронса кор кунад.
Маурисио борҳо дар нишастҳои матбуотӣ шикоят карда буд, ки дар ПСЖ кори дастаҷамъона вуҷуд надорад. Ин қисман мушкили бозигарон аст: онҳо забон як карда  наметавонанд ё намехоҳанд ба шарикони худ мутобиқ шаванд. Аммо агар шумо ба миқёси ҷаҳонӣ назар андозед, Почеттино ҳанӯз ба парижиҳо бозии воқеан баландсифат нишон надодааст (инро бозӣ бо Манчестер Сити исбот кард). Зери роҳбарии мутахассиси аргентинӣ дар даста ҷанҷолҳо сар заданд. Ин ҷанчолҳо пеш аз ӯ низ буданд, аммо Томас Тухел медонист, ки ба бачаҳо чӣ гуфтан лозим аст, то онҳо худро якҷоя кунанд. Почеттино оромона ба он нигоҳ мекунад, ки чӣ тавр Мбаппе аз Неймар ба хашм омадааст, Мессиро кораш омад намекунад ва дар бораи ин гуна ҳолатҳо умуман шарҳ намедиҳад.
Натичаи сусти «Пари Сен-Жермен» дар «Этиҳод» қатраи охирини сабри рохбарият шудааст. Пеп Гвардиола аз ҷиҳати тактикӣ нақшаҳои Почеттиноро барбод дод: Аргентиниро ҳатто дастаи ситораҳо наҷот надоданд. Ва сегонаи Месси, Неймар, Мбаппе, ки дар бораи он тобистон бо шавқу ҳавас сухан мерафт, баҳои пасттаринро барои бозӣ гирифта буданд. "Барои дастае, ки унвонҳоро ба даст меорад, ва ҳатто бештар аз он Лигаи Чемпионҳо - сегонаи ҳамлакунанда ба тӯб рӯ ба рӯ мешавад. Бо ин роҳ ҳимоятгарон худро бароҳат ҳис мекунанд. Аммо ҳоло онҳо хеле кушодаанд. Дастаҳои Фаронса онҳоро шикаста наметавонанд, аммо “Манчестер Сити” метавонад. 
Собиқ ҳимоятгари фаронсавӣ Эммануэл Пети низ аз Почеттино розӣ нест: «Аз ҳимояи бозигаронаш хаста шудам. Нафароне ҳастанд, ки фаромӯш кардаанд, ки дар футбол танҳо даста ғалаба карда метавонад. Ман аллакай мехоҳам дар ин бора фарёд занам. Ман рафтори хашмгинро дидам. Баръакси Почеттино, Зидан таҷрибаи кор бо ситораҳои интихобкунанда дорад - ӯ тӯли чанд сол бо нафси Криштиану Роналду муваффақ буд.
ПСЖ МАКСАДИ АСОСИИ ЗИЗУ НЕСТ.
Чанде пас аз эълони “Реал Мадрид” дар бораи рафтани Зидан, тахминҳои сершумор дар бораи ҷои кори навбатии фаронсавӣ дар расонаҳо пайдо шуданд. Ва тими миллӣ ба яке аз вариантҳои маъмултарин табдил ёфтааст. Зизу на як бор гуфта буд, ки Фаронса ва тими миллиро дӯст медорад.
"Ба ман ӯ маъқул аст. Комёбихои ӯро хамчун бозингар ва мураббӣ медонед. Рӯзе Зидан тими миллии Фаронсаро сарварӣ мекунад. Кай? Намедонам. Аз ман ягон ҳангома интизор нашавед "гуфт президенти Федератсияи футболи Фаронса Ле Грейс.
ОЁ БА МУВАФФАҚИЯТИ ЗИДАН ДАР ПСЖ БОВАР ДОРЕД?

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив