LIVE

ПСЖ Почеттиноро барканор мекунад, аммо Зидан сармураббӣ намешавад

«Пари Сен-Жермен» сармураббии худ Маурисио Почеттиноро ба истеъфо равона месозад.  Бошгоҳи шаҳри Париж ният дорад барои мураббии  «Нитса» - Кристоф Галтиер ба маблағи 10 миллион евро ҷуброн пардохт кунад, то ӯ сармурабби ПСЖ шавад. Ба гуфтаи манбаъ, тартиби расмии барканории Почеттино бояд рӯзи  23-юми июн сурат гирад. Парижлиҳо ба мураббии аргентинӣ барои қабл аз анҷоми муҳлати қарордод қатъ кардани ҳамкорӣ 15 миллион евро товон пардохт мекунад. 
Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки Кристоф Галтиер сармураббии нав таъин карда мешавад. Клубҳо муддати тӯлонӣ дар бораи ҳаҷми ҷуброн барои қатъи шартномаи Галтиер бо “Нитса” мувофиқа карда наметавонистанд, аммо тавре хабар дода шуд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд. Ба иттилои манбаъ, бозигарони ПСЖро баъд аз таътил Кристоф Галтиер тамрин медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив