LIVE

ПСЖ дар сурати аз кор рондани Почеттино 20 млн евро пардохт мекунад

Журналист Адриен хабар медиҳад, ки ҷарима барои сармураббии ПСЖ Маурисио Почеттино ва ҳайати мураббии ӯ беш аз 20 миллион евроро ташкил медиҳад. Агар Почеттино дар давоми ё дар охири мавсим, як сол пеш аз ба итмом расидани шартнома барканор шавад, клуби Париж маҷбур мешавад, ки ба аргентинӣ ва кормандони ӯ беш аз 20 миллион евро пардохт кунад. Созишномаи Почеттино бо ПСЖ то охири мавсими  соли 2023 эътибор дорад, аммо эҳтимоли зиёд дорад, ки вай пештар аз кор озод шавад. Сармураббии собиқи “Реал Мадрид” Зинедин Зидан ва сармураббии феълии “Атлетико Мадрид” Диего Симеоне ба ҷои Почеттино номзад дониста мешаванд. Ҳамчунин чанде пеш маълум шуд, ки мутахассиси аргентинӣ ба рӯйхати номзадҳо ба вазифаи сармураббии «Манчестер Юнайтед» шомил шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив