LIVE

ПСЖ - барандаи Суперҷоми Фаронса-2022!

Дар Тел-Авив вохӯрӣ барои ба даст овардани Суперҷоми Франсия баргузор гардид. Барои гирифтани ҷоизаи аввалини мавсим дастаҳои ПСЖ ва "Нант" талош карданд.

Бозӣ бо ғалабаи калони парижихо — 4:0 анҷом ёфт. Лионел Месси дар дақиқаи 22-юм ҳисобро боз кард. Дар дақиқаҳои иловагии қисми аввал Неймар пешсафии дастаашро дучанд кард. Серхио Рамос дар дақиқаи 57-ум ба задани гол даст ёфт. Ва дар охири бозӣ Неймар пеналтиро ба самар расонд ва ба ҳисоби рақобат нуқта гузошт. Бори 11-ум ПСЖ соҳиби Суперҷоми Фаронса гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив