LIVE

Саул ба "Ювентус" меравад?

Намояндагони нимҳимоятгари "Атлетико Мадрид" Саул Нигес футболбози худро ба "Ювентус"-и Турин пешниҳод карданд, хабар медиҳад As.

Ба иттилои манбаъ, испанӣ метавонад ҷойгузини Пол Погба бошад, ки ҷароҳат бардошта, муддати тӯлонӣ ба майдон баромада наметавонад.

Ёдовар мешавем, ки футболбози 27-солаи испанӣ бо сабаби ба охир расидани муҳлати иҷорааш аз "Челси"-и Лондон ба "Атлетико Мадрид"  баргашт. Шартномаи Саул бо бошгоҳи Мадрид то 30 июни соли 2026 амал мекунад. 

Саул дар 25 бозӣ дар ҳайати тими Лондон як гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив