LIVE

«Барса» бо дастпарвари «Реал» шартнома бастан мехоҳад

Ҳимоятгари испании дастаи “Тоттенҳэм” - Серхио Регилони  25-сола, ки қаблан дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ мекард, якбора таваҷҷӯҳи чанд бошгоҳи аврупоиро ба худ ҷалб кардааст. 
Ба ин муҳофизатгар "Барселона" низ таваҷҷуҳ дорад. Агар каталониҳо бо “Челси” барои гузариши Маркус Алонсо сари мақсад омада натавонанд, он вақт Серхиоро даъват хоҳанд кард. Ҳамзамон, “Реал Мадрид” метавонад бо истифода аз як банди шартнома ин дастпарвари худро бо арзиши 40 миллион евро боз пас бигирад. 
Регилони 25-сола дастпарвари бошгоҳи шаҳри Мадрид аст. "Реал Мадрид" футболбозро моҳи сентябри соли 2020 ба маблағи 30 миллион евро ба "Тоттенхэм" фурӯхт. Дар мавсими гузашта Регилон дар 31 бозӣ ду гол ва 3 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив