LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-19) омодагиро ба Чемпионати CAFA-2022 оғоз кард

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) омодагиро ба Чемпионати CAFA-2022 оғоз кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Душанбе ҷамъомади таълимиву тамриниро оғоз кард, ки ҳадафи он омодагӣ ба чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мебошад.

Сармураббии дастаи ҷавонони мо Аҳлиддин Турдиев ба ин ҷамъомад 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст. Ба далели он, ки чемпионати CAFA-2022 дар рӯзҳои ФИФА баргузор намешавад, легионерҳо дар ин мусобиқа наметавонанд дар ҳайати тими ҷавонон бозӣ кунанд. Бо мувофиқа бо бошгоҳҳо бозигарони дар хориҷабуда ба ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои бозиҳои расмӣ – марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, даъват мегарданд.

Дар чемпионати CAFA-2022 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳамсолони худ аз Афғонистон (6 август), Қирғизистон (8 август), Ӯзбекистон (10 август) ва Эрон (12 август) бозӣ мекунад.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»), Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Содиқ Қурбонов (ҳама аз«Динамо»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Абдулло Шарипов (КМВА), Азизбек Ҳайитов, Иброҳим Зокиров (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Аббос Андалибов, Амирҷони Фаррухзод (ҳарду аз «Равшан»-и Кӯлоб), Бежан Нишонбойзода, Фатҳулло Олимзода, Азизбек Далиев, Мехроб Асоев (ҳама аз «Динамо»), Салохиддин Иргашев («Металлург», Ӯзбекистон).

Ҳамлагарон: Сунатулло Азизов («Динамо»), Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА), Далер Шарипов («Металлург», Ӯзбекистон).

Сармураббӣ: Ахлиддин Турдиев

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив