LIVE

Зайниддин Раҳимов: «CAFA марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2023 аст»

Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) Зайниддин Раҳимов дар нишасти хабарии пеш аз мусобиқаи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки рӯзи 13 май оғоз мешавад, интизориҳои хешро баён кард.
 
Зайниддин РАҲИМОВ, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16): 
– Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпионати CAFA сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ аз аввали сол ба ҳисоб меравад. Моҳи феврал мо дар Ҷоми рушд дар Минск ширкат кардем ва як рӯз пеш аз Скопйе баргаштем, ки онҷо дар доираи мусобиқаи рушди УЕФА се бозӣ анҷом додем. Дар чорчӯби чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мо чор бозии хуб мегузаронад. Ин мусобиқа яке аз давраҳои муҳими омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи октябр баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Мо аз натиҷа вобаста нахоҳем буд, аз як бозӣ ба бозии дигар омодагӣ мегирем.
Дар нишасти хабарии пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022, ки рӯзи панҷшанбеи 12 май дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе баргузор шуд, сармураббиёни дастаҳои наврасони Афғонистон, Эрон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ ба саволҳои намояндагони ВАО ҷавоб доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар CAFA-2022 дастпарварони Зайниддин Раҳимов бо дастаҳои Қирғизистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Эрон нерӯ месанҷанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив