LIVE

Кунде бо "Барселона" барои имзои шартнома ба мувофиқа расид

Ҳимоятгари "Севиля" Жюл Кунде шартҳои қарордодашро бо "Барселона" муҳокима кард. Ҳимоятгари фаронсавӣ қаблан дар бораи шартнома бо "Челси" ба мувофиқа расида буд, аммо бозигар ё "Севиля" то ҳол ҷонибҳо  барои гузаштан ба тими Англия ба мувофиқа расида натавонистанд.  Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо дар Твиттер хабар додааст.

Кундеи 23-сола дастпарвари "Бордо" аст. Дар ҳайати дастаи фаронсавӣ ҳимоятгар дар 70 бозӣ 4 гол зада, як ассист кардааст. Жюле соли 2019 ба «Севиля» гузашт ва аз он вақт инҷониб дар 133 бозӣ 9 гол задааст ва ба ҳамдастагон се бор ассист кардааст. Шартномаи  тарафхо бади ду сол ба охир мерасад.

Дар моҳи июни соли 2021 Кунде бори аввал дар тими миллии Фаронса бозӣ кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив