LIVE

Гвардиола дар бораи гузариши Неймар ба «Манчестер Сити» чӣ гуфт?

Сармураббии «Манчестер Сити» Хосеп Гвардиола ба овозаҳо дар бораи он ки ҳамлагари 30-солаи  бразилӣ Неймар аз «ПСЖ» ба ҳайати «Шаҳриҳо» шомил мешавад, назарашро баён намуд.
Таваҷҷуҳи "Манчестер Сити"  ба Неймар? Сад афсус, ки ин дуруғ аст. Иттилои саҳеҳ нест. Наймар яке аз беҳтарин бозигарон мебошад. Аз рӯи маълумоте, ки ман дорам Неймар беҳтарин инсон ва бозигари беҳамтост. Аммо ин нодуруст аст. Ҳар тобистон, “Манчестер Сити” тибқи овозаҳо, 150 бозигарро харидорӣ мекунад..."–гуфтааст Гвардиола. 
Ёдовар мешавем, ки Неймар соли 2017 бозигари ПСЖ шуд ва аз “Барселона” ба маблағи 222 миллион евро гузашт. Ин трансфер то ҳол гаронтарин гузариш дар таърихи футбол ба шумор меравад. Дар 144 бозӣ дар ҳайати дастаи парижӣ ҳамлагар ба задани 100 гол ва 60 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив