LIVE

Падари Гвардиола:"Пеп Мессиро дӯст медорад, вале ҳеҷ гоҳ ба "Барса" зарар намерасонад"

Валенти Гвардиола- падари сармураббии "Манчестер Сити" Пеп Гвардиола дар бораи трансфери эҳтимолии ҳамлагари "Барселона" Лионел Месси ба дастаи  англисӣ сухан  кард.
«Дар ҷаҳон ягон дастае нест,  то ки нахоҳад Мессиро дошта бошад. Ман дар синни 12-13 солагӣ бозӣ кардани ӯро дидам ва дар ҳайрат мондам. Ӯ барҷаста буд. Ба монанди Месси футболбозон хеле каманд. Ман боварӣ дорам, ки Пеп ӯро дар Манчестер Сити дидан мехоҳад. Пеп ҳамеша Мессиро беҳтарин медонист, аммо ӯ дар “Барселона” аст. Хосеп ҳеҷ гоҳ ба каталониҳо як бозигарашонро гирифта, зарар намерасонад », - иброз намуд падари Гвардиола.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи Мессии 33-сола бо “Барселона” то тобистони соли 2021 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив