LIVE

Роналду қасдан тарки даста карданашро хабар надод, то имтиёзпулӣ бигирад

Ҳамлагари дастаи «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду қасдан эълони тасмими тарки дастаро ба таъхир андохтааст, то барои гирифтани иимтиёзпулии солона вақт пайдо кунад, хабар медиҳад The Sun.

Ба иттилои манбаъ, дар шартномаи бозигар пардохти тақрибан 1 миллион евро мукофоти пулӣ дар аввали моҳи июли соли равон пешбинӣ шуда буд ва ҳамлагар дидаву дониста вазъро кашола карда буд, то барои гирифтани ин мукофот вақт пайдо кунад.

Гуфта мешавад, ки ин маблағ ба Роналду барои ҳуқуқҳои гуногуни маркетингӣ пардохт шудааст ва португалиро маҷбур намекунад, ки дар клуби англисӣ бимонад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан хабар дода шуда буд, ки Криштиану Роналду дар сафарҳои пеш аз оғози мавсими «Манчестер Юнайтед» иштирок намекунад. Овозаҳо ҳамлагаррро  ба «Челси», «Барселона», «ПСЖ» ва  дигар дастаҳо мебаранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив