LIVE

Тасмими ниҳоии “Барселона” дар бораи Мемфис Депай

Раҳбарияти “Барселона” омодааст аз Мемфис Депай ҷудо шавад. Ба иттилои манбаъ, каталониҳо дар сурати пешниҳоди тақрибан 25 миллион евро ин бозигарро ба фурӯш хоҳанд гузошт. Сармураббии “Барселона” Хави ба фурӯши ин бозигар иҷозат додааст. Мурабби Мемфис Депайро бозигари калидии даста намешуморад. 
Раҳбарияти клуб аллакай агенти Депайро аз ин тасмим огоҳ кардааст. Дар робита ба ин, намояндагони як футболбози Ҳолландӣ ба ҷустуҷӯи клуби нав шурӯъ карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив