LIVE

Сармураббии "Файзканд" ҷазо дода шуд

Имрӯз, 29-уми июн, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ ва интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қарорҳои зерин қабул шуданд:

– Барои вайрон кардани моддаи 6 банди 15-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар қасдан тарк кардани майдони техникӣ ва амалҳои иғвоангез дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» (Кӯлоб) – «Файзканд» (21 июн) ифода ёфтааст,  сармураббии дастаи «Файзканд» Масъуд Назарзода аз иштирок дар 2 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 250 сомонӣ ҷарима шуд.

- Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 12 Кодекси интизомии ФФТ, ки дар таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ дар Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» (Кӯлоб) - "Файзканд" (21 июн) ифода ёфтааст,  дастаи «Равшан» (Кӯлоб) 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар баёни суханони таҳқиромез ё қабеҳ нисбат ба шахсони расмӣ дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» (Кӯлоб) – “Файзканд” (21 июн) ифода шудааст, бозигари тими "Файзканд" Анвар Муродов аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5 банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ дар бозии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Истаравшан» -  "Эсхата" (22 июн) ифода ёфтааст,  дастаи «Истаравшан» 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 6 банди 2-и  Кодекси интизомии ФФТ, ки дар гуфтани суханони қабеҳ нисбати  ҳайати доварон дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Куктош» - «Саройкамар» (19 июн) баён шудааст, сардори дастаи «Саройкамар» Абдухалил Абдулхаев аз ҳуқуқи иштирок дар 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима шуд.

- Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 13-и  Кодекси интизомии ФФТ, ки дар риоя накардани шарту талаботи Низомнома дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал «Динамо» - «Ҳулбук» (25 июн) ифода ёфтааст, дастаи «Ҳулбук» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 25-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар вайронкунии ҷиддии қоидаҳои бозӣ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Саройкамар» - «Сарҳадчӣ» (25 июн) баён гардидааст, бозигари дастаи «Сарҳадчӣ» Муҳаммадҷон Собиров аз 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 19 - и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар баёни суханони таҳқиромез ё қабеҳ нисбат ба шахсони расмӣ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал “Куктош” – “Саройкамар” (19 июн) ифода ёфтааст,  бозигари дастаи «Саройкамар» Маҳмадрасул Одинаев аз 2 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив