LIVE

"Ҳосилот"дар зинаи дуюми Лигаи якум боқӣ монд

Дар бозиҳои даври нуҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум, тими "Ҳосилот" дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор тими "Барқчӣ"-и шаҳри Ҳисорро қабул намуд. Фархориҳо дар қисми аввали рақобат се голи беҷавоб ба дарвозаи "Барқчӣ"  ворид намуда,  бо бартарии зиёд ба танаффус баромаданд. дар нимаи дуюми рақобат дигар ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи  футболи "Ҳосилот"-и Фархор дар даври 10-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум, дар сафар бо дастаи футболи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ вориди майдони рақобат мешавад. 
 Ёдовар мешавем, ки сарпарасти асосии чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум ширкати “tennisi.tj” мебошад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив