Тибқи гузориши Diario Sport, панҷ клуби беҳтарин ба ҳуҷумкунандаи фаронсавии “Барселона” Усмон Дембеле таваҷҷуҳ доранд.
Манобеъ мегӯянд, ки "Бавария", "ПСЖ", "Челси" ва "Ливерпул" футболбозро харидан мехоҳанд. «Барселона» ҳам нақша дорад, ки футболбозро дар ҳайат нигоҳ дорад.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи фаронсавӣ бо бошгоҳи каталонӣ 30 июни соли 2022 ба охир мерасад. Пас аз ин ӯ метавонад агенти озод шавад.
Дембелеи 25-сола дар мавсими гузашта дар ҳайати “Барселона” дар тамоми мусобиқот 32 бозӣ карда, ба задани 2 гол ва 13 партофти головар даст ёфтааст.
