Клуби футболи «Нитса» дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки Кристоф Галтие аз вазифаи сармураббии даста рафт ва ба ҷои ӯ Люсйен Фавр сармураббӣ таъйин шуд.
Муҳлати шартнома бо Фавр мушаххас нашудааст. Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Галтйе бо ПСЖ ба мувофиқа расидааст.
Фавр қаблан дар солҳои 2016-2018 дастаи «Нитса»-ро роҳбарӣ карда, дар мавсими 2016/17 дастаро ба ҷои сеюм дар чемпионати Фаронса расонд. Охирин ҷойи кори мутахассиси 64-солаи швейтсарӣ «Боруссия»-и Дортмунд буд, ки моҳи декабри соли 2020 аз онҷо рафта буд.
