LIVE

Люсйен Фавр ба Фаронса бармегардад

Le10sport хабар медиҳад, ки  собиқ сармураббии “Боруссия Д” Люсйен Фавр   метавонад баъди анҷоми мавсим  сармураббии “Лион” гардад. Ҳоло  роҳбарияти   “Лион” дар бораи тақдири   Руди Гарсия хулоса набаровардаанд.  Муҳлати  шартномаи Гарсия бо “Лион” то  анҷоми мавсими ҷорӣ эътибор дорад. Эҳтимол меравад, ки дар сурати рафтани  Руди Гарсия сармураббии нав Фавр хоҳад шуд. Ҳамчунин   қарорҳои кадрии президенти бошгоҳ Жан-Мишел Оляро бояд директори   варзишӣ Жунинйо тасдиқ кунад. Ёдовар мешавем, ки   Фавр  дар мавсими 2016-2018 дар дастаи “Нитса”и Фаронса   фаъолият намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив