LIVE

Ҷойгузини Люсйен Фавр маълум шуд

       Рӯзноманигори машҳури   итолиёвӣ   Ҷанлука Ди Мартсио  дар сомонаи расмии худ  навиштааст, ки  роҳбарияти   дастаи “Боруссияи Дортмунд”  ҷойгузини Люсйен Фаврро  пайдо кард. Тибқи иттилои ӯ  дортмундиҳо бо сармураббии дастаи “Борусияи Мёнхэнгладбах”  Марко Розе  ба мувофиқа расиданд.  Ин мутахассиси 44 сола  тобистони соли 2021   вазифаи сармурабии “Боруссияи Дортмунд”-ро ба уҳда хоҳад гирифт.Ёдовар мешавем, ки    “Боруссияи Дортмунд” таҳти роҳбарии Фавр дар даври 11-уми Бундеслига  аз тими “Штутгарт”   бо ҳисоби 1 бар 5 шикаст хурд.  Баъди ин ҳодиса  Фаврро аз мақомаш барканор карданд.  Айни замон бошад, ёвари  Люсйен Фавр- Эдин Терзич  иҷрокунандаи   вазифаи  сармураббии бошгоҳ  таъйин шудааст.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив