LIVE

Дастаи “Лион” Лигаи футболи Фаронсаро ба суд дод

Додгоҳи   Фаронса шикояти дастаи “Лион”-ро дар хусуси анҷоми пеш аз муҳлати чемпионати Фаронса рад кард, аммо барои дастаҳои Амйен ва Тулуза эҷоди умедвориӣ кард.  Додгоҳ дурустии тасмими Лигаи футболри Фаронсаро дар хусуси анҷоми чемпионат тасдиқ кард ва талоши тими "Лион" барои беҳтар кардани мавқеияташ барбод рафт.  Аз суи дигар додгоҳ тасмим дар бораи фиристодани тимҳои “Амйен” ва “Тулуза” - ро ба Лигаи дуюми футболи Фаронса тасмим беасос дониста, тавсия дод то ин ду даста дар Лигаи аввали футболи Фаронса боқӣ монанд. Додгоҳ  иброз дошт  муқаррароти пешбини шуда дар Лигаи якум, ки дар он дарҷ шудааст дар чемпионати ин кишвар бояд 20 даста иштиштирок кунад то 30-юми июн муҳлати иҷро дорад бинобарин ӯ пешниҳод кард дар мавсими  нав муқарраротро иваз кунанд ва теъдоди дастаҳои иштирокчиро ба 22 то расонанд. Дастаи “Лион”  баъди 28 даври мусобиқа бо 40 имтиёз дар мақоми 7-ум қарор гирифт аз мусобиқоти аврупоӣ маҳрум шуд. Аз нигоҳи роҳбарияти дастаи “Лион” агар мавсим идома мекард дастаи ӯ имкон дошт, ки маҷқеъи худро дар ҷадвали умумӣ тағйир диҳад ва дар мавсими оянда иштирокчии мусобиқаҳои аврупоӣ мешуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив