LIVE

Ба дархости дастаҳои ҶҶ-2022 26 бозигар шомил мешавад

Рӯзҳои наздик ФИФА расман эълон хоҳад кард, ки Ҷоми ҷаҳонии Қатар дар таърих аввалин мусобиқаест, ки ҳар як даста метавонад ба он 26 бозигарро биёрад, хабар медиҳад Globo.

Ҳамин тариқ, ҳар як мураббӣ имкон пайдо мекунад, ки 15 бозигарро дар курсӣ нигоҳ дорад.

Ҳафтаи гузашта Шӯрои Ассотсиатсияи Байналмилалии Футбол (IFAB) қоидаи ивазкунии панҷ бозигарро дар як бозӣ ба таври доимӣ тасдиқ карда буд. Он дар давраи пандемияи коронавирус ҷорӣ  шуда буд ва як тадбири муваққатӣ ҳисобида мешуд. Мураббиён ҳоло ҳам метавонанд панҷ бозигарро дар се фосилаи вақт иваз кунанд (танаффус дар бозӣ).

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии Қатар аз 21 ноябр то 18 декабри соли 2022 дар ҳашт варзишгоҳ баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив