LIVE

Бундеслига ивази 5 бозигарро ҷонибдорӣ кард

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) эълон кард, ки пас аз идома ёфтани мавсим шумораи иваз дар даста дар ҷараёни як бозӣ аз се ба панҷ зиёд карда мешавад. 
То ин дам дастаҳои футбол ҳақ доштанд дар ҷараёни бозӣ то се бозигари худро иваз кунанд. Аммо бар асоси тартиби нави ҷоришуда, дастаҳо акнун метавонанд то панҷ бозигари худро дар ҷараёни сабқат иваз намоянд.
Чемпионати Олмон, ки шуруъ аз фардо идома мекунад, истифодаи 5 бозигари захиравӣ дар ҷараёни бозиҳоро ҷонибдорӣ кард. Дастаҳои Бундеслига бо мақсади пешгирӣ аз ҷароҳатбардорӣ ва ҳамзамон фишори ҷисмонӣ наовардан ба ҳайати аввал аз ин қоидаи муваққатии ФИФА истифода хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив