LIVE

Мбаппе ба раиси Федератсияи футболи Фаронса ҷавоб дод

Ҳамлагари 23-солаи фаронсавӣ Килиан Мбаппе ба раиси Федератсияи футболи Фаронса (ФФФ) Ноэл Ле Гре, ки қаблан гуфта буд, футболбоз ба далели натавонистани пеналтӣ  дар чемпионати Аврупо-2020 дар тими миллии кишвар бозӣ кардан намехоҳад, посух дод. 

"Аслан, ман аллакай дар ин мавзӯъ сухан гуфта будам ва фаҳмондам, ки сухан дар бораи нажодпарастӣ аст, на дар бораи пеналтии иҷронашуда! Аммо шумо фикр мекардед, ки нажодпарастӣ вуҷуд надорад…”,- навиштааст Мбаппе дар Твиттер.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Фаронса дар бозии даври 1/8 ниҳоии Евро-2020 аз Швейтсария аз ҳисоби пеналтӣ шикаст хӯрд (3:3, 4:5 пен.) ва аз ҳаққи  ширкат дар  мусобиқа маҳрум шуд.

Мбаппе бо ПСЖ моҳи майи соли 2022 шартномаи нави сесола ба имзо расонд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив