LIVE

Сеск Фабрегаси 35 сола бе даста монд

Нимҳимоятгари испанӣ Сеск Фабрегас бо сабаби ба охир расидани муҳлати шартномааш «Монако»-ро тарк кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии бошгоҳи фаронсавӣ. Ёдовар мешавем, ки Фабрегас аз январи соли 2019 дар тими “Монако” бозӣ мекунад. Дар мавсими гузашта футболбози 35-солаи испанӣ дар ду бозии Лигаи 1-и Фаронса ширкат варзида, гол назадааст. Қаблан Фабрегас дар бошгоҳҳои лондонии «Челси» ва «Арсенал» ва инчунин дар «Барселона» бозӣ кардааст. Нимҳимоятгар дар ҳайати тими миллии Испания барандаи Ҷоми ҷаҳони соли 2010 мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив