Ниммуҳофизатгари «Монако» - Сеск Фабрегас назари хешро дар бораи фаълияти минбаъдаи варзишии дорандаи 6 “Тӯби тиллоӣ” Лионел Месси баён намуд.
«Лео бозигари дорои зеҳнияти сангин аст. Ӯ то он даме бози мекунад, ки худ ин корро мехоҳад ва дар майдон мавқеашро дидан мехоҳад. Агар мо сатҳи ӯро ба назар гирме, пас бидуни мушкилӣ то 40 солагиаш бозӣ мекунад. Дар хотир дорам рӯзи нахустини омаданашро ба «Ла Масию» - (Барселона Б) Месси кам гап мезад, вале вақте, ки бозӣ оғоз мешуд ӯро касе дошта наметавонист”, гуфтааст Фабрегас.
