LIVE

«Ювентус» Моратаро харидорӣ накард. Форвард ба «Атлетико» бармегардад

"Ювентус" аз харидории Алваро Мората даст кашид. Ҳамлагари 29-сола пас аз анҷоми мӯҳлати иҷорааш ба дастаи асосии худ “Атлетико” бармегардад. Ҳамлагари испонӣ ду мавсими охирро дар "Ювентус" гузаронид, аммо туриниҳо тасмим гирифанд, ки ӯро ба маблағи 35 миллион евро харидорӣ накунанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки роҳбарияти "Ювентус" барои Мората 20 миллион евро пешниҳод кардааст, аммо ин маблағ «Атлетико»-ро қонеъ накард.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив