LIVE

Мане гуфт, ки ҳамсари ояндааш фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ набошад ва Худошинос бошад

Ҳамлагари сенегалии «Ливерпул» Садио Мане гуфт, ки ҳамсари ояндааш набояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол бошад.
“Бисёр духтарон аз ман мепурсиданд, ки чаро издивоч накардаам, аммо мебахшед, шумо вақтро беҳуда сарф мекунед. Зане, ки ман мехоҳам, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нахоҳад буд. Ман мехоҳам бо зане издивоҷ кунам, ки Худо ва дуоро бишиносаду нисбаташон эҳтиром гузорад". 
"Бавария" метавонад бо Мане 3 сол шартнома бандад.  Музокирот бо «Ливерпул» ба марҳилаи ниҳоӣ ворид мешавад ва ба зудӣ «Бавария» дархости нав барои гузориши ҳамлагари сенегалиро пешниҳод хоҳад кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бошгоҳи олмонӣ барои футболбози 30-сола 35 миллион евро + 5 миллион евро мукофотпулӣ пешниҳод мекунад, ки пас аз шумораи муайяни голҳои ҳамлагар пардохта мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив