LIVE

Мане: Зиндагии ғайриоддии Роналду ва Неймар ба ман маъқул аст

Садио Мане яке аз хоксортарин футболбозони ҷаҳон аст. Вай бо айфони экрани шикаста сайругашт мекунад ва муаллифи суханҳои машҳур аст:
"Чаро ман бояд 10 Феррари, 20 соатҳои алмосӣ ё ду ҳавопаймои хусусӣ бихарам? Ин чизҳо барои ман ё барои ҷаҳон чӣ хоҳад кард? Гурусна будам, дар саҳро кор мекардам. Ба ман лозим нест, ки мошинҳои гаронбаҳо, иморатҳо, сафарҳо ва ҳатто ҳавопаймоҳо доштабошаму бо онҳо фахр кунам. Ман афзалтар медонам, ки мардуми ман порае аз он чизеро, ки ҳаёт ба ман додааст бигирад."
Мане чанде пеш мусоҳибае ба L'Equipe дод ва пурсиданд, ки чаро ӯ мисли Криштиану Роналду ва Неймар тарзи ҳаёти зебоеро пеш намебарад.
"Дуруст аст, ки ҳоло дар футбол арзишҳои муайянкунанда мавҷуданд. Онҳо маро каме ташвиш медиҳанд, аммо ба ҷои танқид, ман баъзан худро каме дуртар афзалтар медонам”, ҷавоб дод Мане.
“Асос он аст, ки тағйир наёбед, фикр мекунам, ки ман ин корро карда метавонам. Барои писарбачае, ки аз шаҳри хурди Касамансе (минтақаи Сенегал) меояд, муқовимат ва мавқеъ пайдо кардан дар миёни мардуми cайёра  ин аллакай як ғалабаи бузург аст” гуфт ҳамлагари “Ливерпул”. 
Вақте аз ӯ пурсиданд, ки оё ӯ метавонад тарзи ҳаёти Роналду ва Неймарро нусхабардорӣ кунад, ӯ ҷавоб дод: «Не! Ман онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунам ва ин барои ман басанда аст. Зиндагии ғайриоддии онҳо ба ман маъқул аст, аммо ин зиндагӣ барои ман сохта нашудааст».
Воқеан, агар шумо ба Instagram-и Мане назар андозед, дар он ҷо аксҳои тарзи зиндагии боҳашамро намебинед - танҳо аксҳои бозӣ ва ҷойзаву тӯҳфаҳо гузошта шудаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив