LIVE

Мората шартномаашро бо "Атлетико" тамдид кард, вале...

Ҳамлагари “Атлетико Мадрид” Алваро Мората шартномаашро бо даста тамдид мекунад ва ба “Ювентуси”-и Турин ба иҷора меравад. Дар ин бора рӯзноманигор Николо Cкира дар Твиттер хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, созишномаи нави футболбози 29-сола бо бошгоҳи испанӣ то соли 2024 муҳлат дорад. Алваро мавсими ояндаро дар иҷораи "Ювентус" мегузаронад, ки дар онҷо аз сентябри соли 2020 то июни соли 2022 бозӣ кардааст (иҷора).

Мората дар мавсими гузашта 48 бозӣ анҷом дода, ба задани 12 гол ва 9 партофти головар муваффақ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив