LIVE

“Реал Мадрид” аз хариди ҳамлагари нав даст кашид

"Реал Мадрид" дар равзанаи гузаришҳои тобистона ҳамлагари нав хариданӣ нест.
Ба иттилои манбаъ, «Реал Мадрид» Борха Майоралро, ки мавсими гузашта дар «Хетафе» ба иҷора дода буд, бармегардонад ва дигар хатти ҳамларо пурзӯр намекунад. Клуби шоҳона инчунин ба Эден Азар умед мебандад, ки дар мавсими гузашта бар асари ҷароҳатҳо бисёр бозиҳоро аз даст дод. Қаблан, «Реал Мадрид» мехост, ки бо ҳамлагари фаронсавӣ Килиан Мбаппе шартнома бандад, аммо ин муомилот лағв шуд ва бозигари фаронсавӣ шартномаашро бо ПСЖ тамдид кард.
Ёдовар мешавем, ки дар охири мавсими гузашта “Реал Мадрид” қаҳрамонии Испания шуд. Даста инчунин дар бозии ниҳоии мусобиқа бар «Ливерпул» ғолиб омада, ғолиби Лигаи Чемпионҳо низ гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив