LIVE

Пирло роҳбарии яке аз дастаҳои туркиро ба дӯш мегирад

Сармураббии собиқи «Ювентус» - Андреа Пирло дастаи футболи “Фотих Карагумрук”-ро роҳбарӣ мекунад. Созишнома то соли 2024 имзо мешавад. Клуби туркӣ итминон дорад, ки Андреа Пирло дар фурсатҳои наздиктарин бо онҳо қарордодро расӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки Андреа Пирло дар мавсими солҳои 2020/2021 сарварии "Ювентус" буд. Бо роҳбарии ӯ дастаи Турин Ҷоми Италия ва Суперҷоми Италияро ба даст оварда, инчунин дар Серия А ҷои чорумро ишғол намуд. Дар мавсими солҳои 2021/2022, ки ба поён расид, «Фатих Карагумрук» бо 57 имтиёз дар ҷадвали чемпионати Туркия дар ҷои ҳаштум қарор гирифт. Трабзонспор чемпиони кишвар шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив