LIVE

Роналду нагузошт то Андреа Пирло тарки “Ювентус” намояд

Дар бозии даври 34-уми Серияи А “Ювентус” бар “Удинезе” ғалаба кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1 ба суди туриниҳо хотима ёфт.
Дар дақиқаи 10-ум ҳисобро ҳимоятгари "Удинезе" Нахуэл Молина кушод. “Ювентус” дар дақиқаи 83-юм бо голи задаи  ҳамлагар Криштиану Роналду аз пеналти ҳисобро баробар кард.  Пас аз шаш дақиқа Роналду туринтҳоро ба пеш баровард ва дублро ба қайд гирифт.
“Ювентус” дар 34 бозӣ 69 имтиёз ба даст овард ва дар ҷадвали Серияи А ба ҷои сеюм баромад. “Удинезе” зинаи 11-умро ишғол мекунад. Қаблан гуфта мешуд, ки агар “Ювентус”  дар бозии навбатӣ шикаст бихӯрад, пас сармураббии даста Андреа Пирло аз мақомаш сабукдуш карда мешавад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив