LIVE

“Ювентус” як катор кормандони худро аз кор хориҷ мекунад, агар...

Тибқи иттилои матбуоти Италия, роҳбарияти даста аз мавқеъи кунунии  дастаи худ дар чемпионат норозӣ аст.  Эҳтимол аст, ки масъала бо истеъфои Андреа Пирло ҳалли худро пайдо нахоҳад кард. 
Туриниҳо дар вазъияти хеле мушкил қарор гирифтаанд. Қаҳрамони кунунии Сериаи “А”, панҷ давр пеш аз ба охир расидани мусобиқа ҳатто ба худ ҷои чорумро кафолат дода наметавонад. Тахмин меравад, ки дар якҷоягӣ бо Пирло клуб якчанд роҳбарони баландмақоми худро аз кор ронад. 
Тибқи иттилои Football Italia роҳбарияти “Ювентус” аз мавқеи душвори даста дар мубориза барои дарёфти роҳхати Лигаи чемпионҳо изҳори нигаронӣ мекунад. Интизор меравад, ки мутахассис дар сурати мағлуб шудани "Ювентус" дар бозии даври 34-уми Серияи “А” бо "Удинезе" барканор карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив