LIVE

Сарри: ман аз бозии даста хеле хушҳолам

Сармураббии “Ювентус” Маурисио Сарри дар бораи тарки даста аз Лигаи чемпионҳо изҳори назар кард.
"Мутаассифона, мо аз сабаби бохт дар бозии аввал, хориҷ шудем. Агар Шумо ноумеди аз ҳад зиёд бошед, пас манро имшаб дастаам хеле хушҳол кард, зеро онҳо хислат нишон доданд ва беҳтаринҳои худро доданд. Агар мо тарки мусобиқа намекардем, ман шоми имрӯз ба хона хушҳол бармегаштам.  Ман аз мулоқот бо роҳбарияти “Ювентус” чӣ интизорам? Фикр намекунам, ки роҳбарони сатҳи боло аз рӯи як бозӣ тасмим бигиранд. Тамоми мавсимро мавриди таҳлил қарор хоҳанд дод.  Ман ин саволро таҳқиромез меҳисобам, аммо на ба ман, балки ба директорони клуб. Ман шартнома дорам ва онро эҳтиром мекунам ва ҳеҷ чизро интизор нестам ”- иқтибос меорад Sarri Football Italia аз гуфтаҳои Сари.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳо “Ювентус” дастаи  «Лион» -ро бо ҳисоби 2: 1 шикаст дод. Бо вуҷуди пирӯзӣ, «Ювентус» аз ҳисоби бозии аввал, ки дар сафар аз дастаи фаронсавӣ бо як голи беҷавоб шикаст хурда буд,   натавонист ба ¼  ниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив