LIVE

Сарри: мо ягона даста дар Аврупоем, ки дар 12 рӯз 5 бозӣ мекунем

Сармураббии «Ювентус» - Маурисио Сарри дар бораи мағлубияти даста дар бозии даври 37-уми Серияи А аз “Каляри” изҳори назар кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Сардиниа бо  ҳисоби 2-0 ба суди соҳибони майдон хатм шуд. 
«Мушкил дар он аст, ки мо ягона дастаи Аврупо ҳастем, ки дар 12 рӯз 5 маротиба бояд бозӣ кунем. Биёед бубинем, ки пагоҳ чӣ мешавад ва мо бояд бозингарони зери 23-соларо ба майдон барорем то дигарон каме истироҳат кунанд. Нӯҳ бозигари мо ҷароҳат доранд. Ман намедонам бар муқобили “Лион” чӣ ҳайат интихоб кунам. То он вақт мо бояд бубинем, ки кӣ барқарор мешавад», иқрор шудааст Сари.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив