LIVE

Сарри: Роналду хаста шудааст, аммо истироҳатро қабул надорад

Сармураббии «Ювентус» - Мауритсио Сарри ҳолати кунунии ҳамлагар Криштиану Роналдуро шарҳ дод. 
«Ювентус»  дар даври 28-уми Серияи А дарвозаи «Лечче»-ро голборон сохт. Дар ин дидор Роналду аз пеналти голзанӣ карду ду партофти головар ба ҳамдастагонаш таъмин намуд. 

«Ба Роналду истироҳат дод? Феълан ӯ барои пайваста бозӣ кардан қодир аст ва ҳолати ҷисмониаш баъд аз ҳар дидор оҳиста оҳиста беҳтар мешавад. Шояд ӯ хаста шудааст, вале ба ӯ бисёр бозӣ кардан писанд аст. Дар ҳоле, ки бозиҳо зуд зуд сурат мегиранд, албатта дар оянда ӯ бояд дар якчанд вохӯриҳо истироҳат кунад. Ӯ  дарк мекунад, ки барояш истироҳат лозим аст», иқрор шудааст мутахассиси итолёвӣ ба сомонаи  La Gazzetta Dello Sport.
Дар мавсими ҷорӣ Роналду дар 24 бозии Серияи А ба задани 23 гол ва 4 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив