LIVE

Аргентина - ғолиби Финалиссима!

1 июн бозии Финалиссима баргузор шуд. Дар доираи он  яккачинҳои Италия ва Аргентина бо ҳам вохӯрданд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и Лондон (Англия) баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо хотима ёфт. 

Ҳисоб дар нимаи аввал кушода шуд. Дар дақиқаи 28-ум ҳамлагар Лаутаро Мартинес дарвозаи рақибонро  рахна сохт. Дар вақти иловашуда ба қисми аввал нимҳимоятгари аргентинӣ Анхел Ди Мария пешсафии дастаашро дучанд кард. Голи сеюмро Пауло Дибала зад.

Бояд қайд кард, ки итолиёиҳо барандаи Ҷоми Аврупо оид ба футбол гардида, тими миллии Аргентина барандаи Ҷоми Амрико шуданд.
Ба наздикӣ Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва Конфедератсияи футболи Амрикои Ҷанубӣ (КОНМЕБОЛ) як ёддошти таҷдидшуда ва васеъшудаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки эътибораш то 30 июни соли 2028 мебошад. Дар чорабинӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бозии байни дастаҳои мунтахаби Италия ва Аргентина баргузор шавад. Вохӯрӣ Финалиссима номида шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив