LIVE

Украина бо Уэлс барои баромадан ба Ҷоми ҷаҳон нерӯ месанҷад

1 июн  дар варзишгоҳи «Хэмпден Парк»-и Глазго бозии даври нимниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 миёни мунтахабҳои Украина ва Шотландия  барпо гардид, ки дар натиҷа украинихо пурзуртар баромаданд —  3:1.

Дастпарварони Александр Петраков дар дақиқаи 33-юм ҳисобро боз карданд – голро Андрей Ярмоленко ба ҳадаф расонд.

Украинхо дар дакикаи 49-ум бартарии худро дучанд карданд — Роман Яремчук гол зад.

Дар дақиқаи 79-ум Каллум Макгрегор  дарвозаи ҳарифонро рахна сохт.  Дар дақиқаи 90+5 Артём Довбик голи сеюми мунтахаби Украинаро ба самар расонд.
Ҳамакнун яккачини Украина дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон бо тими Уэлс рақобат мекунад. Ин бозӣ 5 июн баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив