LIVE

Бензема-беҳтарин футболбози мавсим дар ҳайати "Реал"

Ҳамлагари тими "Реал Мадрид" Карим Бензема беҳтарин бозигари мавсими гузашта дар даста дониста шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти клуби испанӣ дар сомонаи расмӣ хабар додааст.

“Ман аз ин  ҷоиза хеле ифтихор дорам. Ин беҳтарин мавсим ҳам аз нигоҳи дастовардҳо ва ҳам ҷоизаҳоям ба ҳисоб меравад”, - гуфт Бензема.

Дар мавсими 2021/2022 Бенземаи 34-сола дар тамоми мусобиқаҳо дар 45 бозӣ ширкат карда, дар онҳо 44 гол ва 15 партофти головар кардааст. Дар ҳайати "Реал Мадрид" дар ин мавсим ӯ ҷоми  қаҳрамонӣ ва Суперҷоми Испанияро ба даст овард ва 28 май метавонад барандаи панҷкаратаи Лигаи Чемпионҳо шавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив