LIVE

Мбаппе:"Ман барои пул шартнома набастаам..."

Ҳамлагари «Пари Сен-Жермен» Килиан Мбаппе гуфт, ки тасмими тамдиди қарордодаш бо бошгоҳ  ва нагузаштан  ба "Реал Мадрид" на аз барои пул буд, балки баҳри лоиҳаи ПСЖ мебошад.

«Ҳама медонанд, ки ман соли гузашта Парижро мехостам тарк кунам. Аммо ҳоло ҳама чиз дигар шуд, ҳам аз нигоҳи варзиш ва ҳам шахсӣ. Тарки ватанам хато буд. Он як ҷанбаи сентималӣ дорад ва лоиҳаи варзиш низ тағйир ёфтааст…

Мо моҳҳо дар бораи ин лоиҳа суҳбат кардем ва танҳо чанд дақиқа бобати пул суҳбат кардем”, - гуфт Мбаппе.

Ёдовар мешавем, ки Килиан Мбаппе шартномаашро бо ПСЖ то соли 2025 тамдид кард ва ягона футболбозе гашт, ки чунин маоши баланд дорад.  Ба гуфтаи бархе аз манобеъ, фаронсавӣ ҳаққи ширкат дар сиёсати трансферии бошгоҳи парижироба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив